Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситони кулли Тоҷикистон ба волидони зиндониён гуфтааст, ки видеои маҳбусони Хуҷандро тафтиш хоханд кард.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 15-уми декабр бархе аз волидони норозии зиндониёнро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо гуфтааст, видеои маҳбусони Хуҷандро, ки дар он иддао мешавад, гӯиё онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, тафтиш хоҳанд кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмадмурод Ризоев -- падари Ҳикматулло Ризоев, ки моҳи гузашта аз зиндони Душанбе ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтааст, хабар дод.

Ӯ гуфт, дар мулоқот бо додситони кул волидон талаб кардаанд, ки масъалаи шиканҷа дар зиндонҳо таҳти назорат гирифта шавад. Ба қавли ҷаноби Ризоев, онҳо навори видеоиро, ки дар он маҳбусони Хуҷанд осори шиканҷа дар бадани худро нишон дода, аз бадрафтории маъмурони зиндон шикоят мекунанд, ба дасти Шерхон Салимзода супоридаанд.

Ин навори видеоро бархе аз волидони маҳбусон дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дода буданд:


Маҳмадмурод Ризоев дар идомаи суҳбаташ гуфт, намояндагони додситонӣ дар аслӣ будани ин навор шубҳа доштанд, "вале мо Салимзодаро мутмаин сохтем, ки ин воқеияти зиндонҳост." Ба қавли ӯ, баъдан Шерхон Салимзода дастур додааст, ки додситонҳо ин қазияро тафтиш кунанд.

Маҳбусони Хуҷанд осори шиканҷаро видеоӣ карданд

Дар ин навор, ки ахиран бархе аз волидони маҳбусон дар ихтиёри сомонаи Радиои Озодӣ гузошта буданд, маҳбусҳо Маҳмадтолиб Зоҳиров, Аслиддин Маҳмадов, Наҷмиддин Муҳиддинов ва дар маҷмуъ 9 маҳбуси зиндони шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат бо як нафари ношинос дар маҳбас осори латту кӯб дар бадани худро нишон медиҳанд ва аз бадрафториҳои кормандони маҳбас қисса мекунанд.

Бархе аз волидон мегӯянд паз аз пахши ин навори видеоӣ, фишор болои маҳбусон афзоиш ёфтааст ва ин яке аз далелҳои асосии додхоҳии онҳо аз Додситонии кул мебошад.

Ҳанӯз баъд аз чанд рӯзи кӯчондани маҳбусон аз ду боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба маҳбаси Хуҷанд, дар рӯзи 7-уми ноябри соли равон падару модарон бо шикоят аз латукӯб шудани фарзандонашон дар назди Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Аммо он вақт мақомоти расмӣ онҳоро итминон доданд, ки боздоштшудаҳо дар шароити хуб ба сар мебаранд. Муовини сардори Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳомҷон Маҳмудов гуфта буд: «Ин маҳбусон аллакай хушрӯ ҷо ба ҷо шудаанд, бо хӯрду хӯрок сари вақт таъмин мешаванд, ягон камбудӣ надоранд. Миёни муассисаҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ягон фарқият нест, ҳар ду муассисаҳои ислоҳотиянд. Гапҳо дар бораи шиканҷа шудан дурӯғи маҳз аст ва ягон асос надорад».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG