Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” - дар Ҷоми АФК


Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё ширкати дастаҳои футболи Тоҷикистонро дар мусобиқаи бошгоҳҳои Осиё - Ҷоми АФК пазируфт.

Дар ин мусобиқа ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми кишварҳо ширкат меварзанд.

Қаҳрамони нави Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб ба мубориза барои Ҷоми АФК-2013 аз марҳилаи гурӯҳӣ, барандаи Ҷоми кишвар– «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бошад, аз бозиҳои интихобӣ ё плей-офф шурӯъ мекунанд. Бинобар иҷозаи ширкати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми АФК, минбаъд дастаҳои футболи кишвар дар Ҷоми раиси АФК иштирок нахоҳанд кард.

Қуръакашии Ҷоми АФК-2013 рӯзи 6-уми декабр дар Куала-Лумпур доир хоҳад шуд. Ба «Регар-ТадАЗ» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 танҳо ба як дастаи рақибаш пирӯз шудан кофист. Бояд гуфт, ки плей-офф аз як бозӣ иборат буда, мизбон тавассути қуръакашӣ муайян карда мешавад. «Равшан» дар мусобиқаи гурӯҳӣ ширкат меварзад.

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 ҳамагӣ 32 даста иштирок карда, ба 8 гурӯҳ (5 гурӯҳ барои Осиёи Ғарбӣ ва 3 гурӯҳ барои Осиёи Шарқӣ) чаҳордастаӣ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даврӣ баъди ё плей-офф роҳ меёбанд.

Ҳанӯз қабл аз қуръакашӣ рақибони дастаҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми АФК-2013 (Осиёи Ғарбӣ) эҳтимол аст ин бошгоҳҳо шаванд: «Ал-Риффа», «Ал-Муҳаррак» (ҳарду – Баҳрайн), «Демпо», «Ист Бенгал» (ҳарду – Хиндустон), «Арбил», «Духок» (ҳарду – Ироқ), «Ал-Файзалӣ», «Ал-Рамта» (ҳарду – Урдун), «Ал-Кадисия», «Ал-Кувайт» (ҳарду – Кувайт), «Сафо», «Ал-Ансор» (ҳарду – Лубнон), «Ню Радиант», «Мазия» (ҳарду – Молдив), «Фанҷа» (Умон), «Ал-Шорта», «Ал-Ваҳда» (ҳарду – Сурия), «Ал-Шааб», «Ал-Аҳлӣ Таиз» (ҳарду – Яман).

Бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 аз рӯи системаи даврӣ баргузор мешавад (ҳар як даста 6 бозӣ анҷом медиҳад: 3 бозӣ дар хона ва 3 бозӣ дар сафар). Ҳарчанд қуръакашии марҳилаи гурӯҳӣ ҳоло баргузор нашудааст, вале санаи баргузории бозиҳо маълум аст: 5-6 март (даври 1-ум), 12-13 март (даври 2-юм), 2-3 апрел (даври 3-юм), 9-10 апрел (даври 4-ум), 23-24 апрел (даври 5-ум), 30 апрел - 1 май (даври 6-ум).
XS
SM
MD
LG