Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши таниш байни Мурсӣ ва қувваи қазоияи Миср


Додгоҳи Қонуни асосии Миср раиси ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсиро ба раҳбарии маъракаи задани обрӯи ин ниҳод айбдор кард. Баёнияи имрӯзаи додгоҳ аз ташдиди таниш байни Мурсии исломгаро ва қувваи қазоия аломат медиҳад. Додгоҳҳои кассатсионӣ ва таҷдиди назари Миср низ имрӯз эълон карданд, ки то замони бозбинии қарори густариши салоҳиятҳои президент корро қатъ мекунанд. Фармони Мурсӣ як ҳафта боз мавҷи эътирозҳо дар саросари кишварро ба бор оварда, мунтақидон мегӯянд, ки Мурсӣ ба худ салоҳиятҳои “диктаторӣ” додааст. Рӯзи сешанбе дар Қоҳира ва шаҳрҳои дигар даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ шуданд ва пулис имрӯз барои пароканда кардани мӯътаризон аз давру бари майдони Таҳрири пойтахт аз газ кор бурд. Мурсӣ мегӯяд, ин салоҳиятҳоро муваққатан ва ба хотири ҳимоят аз ислоҳоти демократие, ки баъди суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар соли гузашта оғоз ёфт, ба худ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG