Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати даҳҳо нафар дар шаҳри Идлиби Сурия


Бар асари аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия бомборон шудани як корхонаи тавлиди равғани зайтун дар канори шаҳри Идлиб дасти кам 20 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора хабаргузории Рейтер бо такя ба фаъолони ҳуқуқи башари Сурия иттилоъ додаст.

Намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, ки онҳо дар бораи теъдоди қурбониёни ҳамла иттилои дақиқ надоранд ва аммо гап сари ҳалокати даҳҳо нафар меравад.
XS
SM
MD
LG