Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади сарнишини тоҷик, ки ҳанӯз моҳи август зимни як садама дар Судон ҳалок гардид, ниҳоят ба Ватан оварда шуд.

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, 19-уми августи соли равон, ҳавопаймои Ан-26-и мансуб ба ширкати судонии «Алфа 1», ки ҳайати ҳукуматии Судон дар он буд, ҳангоми фуруд омадан дар ноҳияи шаҳри Талоди, воқеъ дар иёлоти Кордофани Ҷанубии Судон суқут кардааст.

Ба иттилои сафорат дар ҷойи ҳодиса сӯхтор ба вуҷуд омада, ҳамаи 32 мусофир, аз ҷумла яке аз сарнишинон, шаҳрванди Тоҷикистон, Ҳошимов Акрам, ки 7-уми майи 1969 зода шудаасту, бошандаи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд будааст, ҳалок гардиданд.

Масъулин мегӯянд, сафорати Тоҷикистон дар Мисри Араб дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Русия дар Судон ва ниҳодҳои дахлдори судонӣ корҳои заруриро анҷом дода, 23-юми ноябри соли ҷорӣ, ҷасади Акрам, тавассути Доҳа ба Москва оварда шуд.

Масъулини сафорат дар Маскав мегӯянд, дар робита ба масъалаҳои қабули тобут дар Маскав, пайдо кардани пайвандони Акрам ва роҳӣ кардани он ба Ватан аз сӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия мусоидатҳои лозима сурат гирифта, ҷасад, шоми 24-уми ноябр, тавассути хатсайри Домодедово – Хуҷанд ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG