Пайвандҳои дастрасӣ

Эштон раҳбарони Гурҷистонро ба ҳамзистӣ даъват кард


Кэтрин Эштон

Кэтрин Эштон

Кэтрин Эштон-раҳбари сисёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе аз раиси ҷумҳур ва нахуствазири Гурҷистон хост, ки ба хотири манофеи мардуми кишвари худ ҳамкории наздик дошта бошанд.

Эштон ба таври мухтасар аз Гурҷистон боздид кард ва бо президент Михаил Саакашвилӣ ва нахуствазир Бидзина Иванишвилӣ музокира анҷом дод. Вай гуфт, ин ду нафар аз нируҳои мухолифи сисёсӣ намояндагӣ мекунанд ва бояд роҳҳои “ҳамзистӣ”-ро биёбанд.

Ин нахустин боздиди Эштон аз Тифлис баъд аз баргузории интихоботи порламонии моҳи октябр аст, ки дар натиҷаи он эътилофи сисёсии Бидзина Иванишвилиро сари қудрат овард.

Дар як эъломияи алоҳида, ки баъд аз музокирот садо дод, Эштон гуфт, ки “набояд аз рақибони сисёсӣ қасос гирифт”.

Интизор меравад, ки Кэтрин Эштон аз чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ низ бодид кунад. Боздиди вай аз Тоҷикистон барои рӯзи панҷшанбе пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG