Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин кушта дар ошӯбҳои Миср


Ихвонулмуслимини Миср тасдиқ кард, ки дар даргириҳо бо мунтақидони раиси ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсӣ як узви ин гурӯҳи исломгаро кушта шудааст. Ин хушунат, ки даҳҳо захмӣ ҳам ба ҷо гузошт, рӯзи якшанбе дар назди дафтарҳои Ихвонулмуслимин дар шаҳри Даманҳур дар пайи ҳамлаи эътирозгарон ба як дафтари ин гурӯҳ рух додааст. Мурсӣ то замони расиданаш ба мақоми президентӣ раҳбари ин созмон буд. Ҳалокати ин узви Ихвонулмуслимин нахустин мавриди ҳалокат дар ошӯбҳоест, ки дар пайи судури фармони рӯзи панҷшанбеи Мурсӣ дар бораи ироаи салоҳиятҳои бештар ба президент Мисрро фаро гирифт. Тибқи ин фармон, додгоҳҳо ҳаққи ба чолиш кашондани тасмимҳои раисиҷумҳурро надоранд. Ислоҳталабон Мурсиро айбдор мекунанд, ки салоҳиятҳои диктаториро ба худ додааст. Қарор аст, имрӯз Мурсӣ бо қозиёни аршад, ки хостори лағви фармони ӯ шудаанд, мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG