Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи дастури Мурсӣ ба бозори саҳоми Миср


Ба думболи мутамарказ кардани қудрат дар дасти Муҳаммад Мурсӣ раиси ҷумҳури Миср ва тазоҳуроти хушунатомез дар шаҳри Қоҳира, қимати саҳом дар бозорҳои бурси Миср 9 дар сад поин рафт. Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе пулиси Миср тазоҳуроти садҳо нафар дар назди Додгоҳи Олӣ дар Қоҳираро бо истифода аз гази ашковар пароканда кардааст. Пештар аз ин иттиҳодияи додрасҳои Миср ба нишони эътироз даъват кард, то “тамоми додгоҳҳу додситонҳо кори худро боздоранд.” Иттиҳодияи додрасҳои Миср, дастури Муҳаммад Мурсӣ дар бораи салоҳиятҳои худро “ҳамлаи ваҳшиёна ба адолат дар Миср” хондааст. Бар асоси дастури раиси ҷумҳури Миср, ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, то замони интихоби порлумони нав қарорҳои ӯро лағв намояд. Бар асоси ин дастур ҳамчунин ҳеҷ додгоҳе ҳам наметавонад, порлумони таҳти нуфузи исломгароён дар Мисрро пароканда намояд, ки айни ҳол машғули таҳияи қонуни нави асосии Миср аст.
XS
SM
MD
LG