Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасҳои Миср Мурсиро интиқод карданд


Шӯрои Олии Адлияи Миср, раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсиро ба “ҳамлаи бесобиқа ба мустақилии додгоҳҳо” дар кишвар муттаҳам кард. Баёнияи расмии шӯро дар ин бора рӯзи шанбе нашр шуд. Пештар аз ин дар рӯзи панҷшанбе Муҳаммад Мурсӣ, бо судури як қароре салоҳиятҳои худро васеъ кард, ки аз ҷумла намегузорад, ҳеҷ як додгоҳе порлумони Мисрро пароканда кунад, ки айни замон ба таҳияи Қонуни Асосӣ машғул аст. Бар асоси фармони Муҳаммад Мурсӣ ҳамчунин ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, фармонҳои раиси ҷумҳур ва қонунҳои навро лағв кунад. Чунин амалкарди Муҳаммад Мурсӣ рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор нафарро ба кӯчаҳои Миср кашид, ки мегӯянд, ӯ роҳи диктатураро пеш гирифтааст. Аммо раиси ҷумҳуру тарафдоронаш мегуянд, ки қарори мазкур ба хотири ҳифзи арзишҳои инқилоби соли гузашта аз тарафи афроди вафодор ба Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср аст.
XS
SM
MD
LG