Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иванишвилӣ ба Русия сафар нахоҳад кард


 Бидзина Иванишвилӣ

Бидзина Иванишвилӣ

Сарвазири нави Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ сафараш ба Русияро истисно кард, вале гуфт, имкон дорад,бо мақомоти Маскав дар кишвари севум мулоқот кунад. Иванишвилӣ дирӯз таъкид кард, ки ҳукуматаш дар пайи касби дубораи назорат бар вилоёти ҷудоиталаби таҳти ҳимояти Маскав – Абхозистону Осетияи ҷанубист. Русия ин ду минтақаро баъди ҷанги соли 2008-аш бо Гурҷистон ба расмият шинохт. Иванишвилӣ, ки баъди пирӯзии эътилофаш дар интихоботи моҳи октябр сарвазир шуд, изҳори умед кард, ки содироти шаробу обҳои маъданӣ ва дигар маҳсулоти гурҷӣ ба Русия эҳё шавад. Ӯ қаблан гуфта буд, ки ҳаракати Гурҷистон ба сӯи Ғарбро давом хоҳад дод, вале мехоҳад равобити Тифлис бо Маскавро ҳам беҳтар кунад.
XS
SM
MD
LG