Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 2 тан дар бархӯрди 100 мошин дар Техас


Бар асари бархӯрди якбораи қариб 100 мошин дар аёлати Техаси Амрико дастикам 2 нафар ҳалок ва беш аз 80 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин фалокат рӯзи панҷшанбе, ки мардуми Амрико аз Рӯзи сипос таҷлил мекард, ба иллати тумани шадид дар шоҳроҳи 10-ум, дар шарқи шаҳри Ҳюстон рух додааст. Бино ба хабарҳо, беш аз 50 нафарро ба бемористонҳо мунтақил кардаанд ва вазъи ҳудуди 10 тан ҷиддӣ будааст.
XS
SM
MD
LG