Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо аз эҳтимоли бӯҳрони нави молӣ дар ҳарос аст


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо шоми панҷшанбе дар Брюссел баҳси шадиди тарҳи будҷаи ояндаи ин созмони иборат аз 27 кишварро шурӯъ карданд.

Бритониё, Олмон ва дигар саҳмгузорони асосии будҷаи ИА мегӯянд, онҳо хароҷоти миллии худро коҳиш додаанд ва ин бояд дар тарҳи будҷаи иттиҳодия низ дар назар гирифта шавад. Аммо кишварҳои фақиртар, ба монанди Лаҳистон ва кишварҳои дигари коммунистии собиқ, баръакс тарафдори дар сатҳи кунуниаш ҳифз кардан ва ҳатто афзудани ҳаҷми будҷаи ИА мебошанд.

Фаронса мухолифи коҳиши ёронаҳо ба кишоварзон аст ва кишварҳои Аврупои шарқӣ – мухолифи кам кардани маблағгузорӣ ба рушди зербинои ин кишварҳо, ки баъди пайвастани онҳо ба ИА маъмулан аз сӯи Брюссел таъмини молӣ мешуд. Ёронаҳои кишоварзӣ 37,5 дарсад ва кӯмак ба беҳбуди зербинои аъзои ҷадид 32 дарсади тарҳи будҷаи ИА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии ин будҷа барои солҳои 2014- 2020 ҳудуди 1 триллиону 91 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй алакай пешниҳод додааст, ки ҳаҷми будҷаро тақрибан 80 миллиард евро кам кунанд. Мақомоти ИА мегӯянд, нишасти Брюссел, ки шоми панҷшанбе оғоз ёфт, метавонад то поёни ҳафта ва ҳатто дертар тӯл бикашад.

Дар пешорӯи ин нишасти муҳим раҳбарони кишварҳои алоҳида бо мақомоти ИА музокираҳои дуҷониба ҳам анҷом доданд, ки ҳадафи аслиаш рафъи ихтилофи назарҳо ва пайдо кардани як миёнаи барои ҳама мувофиқ дар масъалаи будҷа будааст. Аммо зоҳиран ҷонибҳои баҳс ҳамчунон дар мавқеъҳои қаблӣ боқӣ мемонанд.


Сарвазири Бритониё Девид Камерон
Сарвазири Бритониё Девид Камерон
Сарвазири Бритониё Девид Камерон қабл аз рафтан ба нишасти Брюссел боз ҳам аз тарҳи пешниҳодӣ интиқод кард: “Ман дар маҷмӯъ розӣ нестам. Ин музокироти муҳим аст. Албатта, вақте мо дар ватани худ дар масъалаи хароҷоти ҷамъиятӣ тасмимҳои мушкил мегирем, дуруст намебуд, балки комилан дуруст нест, ки дар мавриди афзоиши хароҷоти ИА пешниҳод диҳанд. Аз ин рӯ, мо қотеъона роҳии музокирот мешавем, то як тавофуқи хуб барои андозсупорандагони Бритониё ва барои андозсупорандагони Аврупо ба даст биояд.”

Ба навбаи худ, сарвазири Белгия Элио Ди Рупо аз тарҳи пешниҳодии будҷаи ИА тарафдорӣ кард. Ӯ гуфт: “Ман алайҳи Девид Камерон ва ба тарафдорӣ аз будҷаи пурҳадаф ҳарф мезанам. Ин оё мумкин аст ё на? Ин чизест, ки мо баъд хоҳем фаҳмид, вале ман умедворам, ки кишварҳои дигар, мисли Фаронсаву Итолиё, дар мавриди ин будҷаи пурҳадаф аз мо тарафдорӣ хоҳанд кард.”


Мулоқоти Меркел ва Ҳолланд дар Брюссел
Мулоқоти Меркел ва Ҳолланд дар Брюссел
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел як рӯз қабл аз оғози музокироти Брюссел гуфт, агар ин ҳафта дар Брюссел тавофуқ ба даст наояд, лозим аст, ки як нишасти дигар дар моҳи декабр ё дар оғози соли оянда барпо шавад. Хонум Меркел дирӯз ба муҷарради расиданаш ба Брюссел гуфт: “Ба тавофуқ расидани мо муҳим аст. Дар ин ду рӯз, яъне панҷшанбе ва ҷумъа, чӣ иттифоқе хоҳад уфтод, ман намедонам. Олмон мехоҳад, то ҳадаф ҳосил шавад, вале ин метавонад фурсати бештарро дар бар бигирад.”

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд низ дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, Порис дар амри ҳимоят аз ёронаҳои кишоварзӣ ба мавзеъи худ сахт истодагарӣ хоҳад кард: “Масоиле, чун таҳқиқот, навоварӣ, нақлиёт, зербино ва ҳамчунин сиёсати муштарак дар соҳаи кишоварзӣ вуҷуд дорад. Чаро? Чунки ин ҳама ба мо тавони бо ғизо таъмин кардани мардумамон, таъмини амнияту сифати ғизо ва содиротро фароҳам меорад. Ва танҳо Фаронса нест, ки аз соҳаи кишоварзии Аврупо ҳимоят мекунад.”

Сарвазири Бритониё таҳдид кардааст, ки метавонад аз ҳаққи ветои кишвараш алайҳи ҳар навъ афзоиши хароҷоти ИА истифода кунад. Ҳар кадом аз 27 узви ИА ҳаққи чунин веторо дорад.

Дар лобалои ин ҳама баҳсҳои тунд касе ба ояндаи худи ИА заррае шакк намеорад. Ин созмони қораӣ бо муҳити тиҷориву сиёсии хеле озоду демократиаш Аврупоро ба як қаламрави орӣ аз ҷангу низоъ ва ба як майдони пешрафт табдил дода, ба бовари бисёриҳо, як намунаи қобили пайравӣ барои боқӣ гӯшаҳои дунё шудааст. Вале баҳс сари қимати ин иттиҳод аст, ки дар тарҳи будҷаи то соли 2020-аш беш аз 1 триллион евро, ё 1,4 триллион доллар баровардаш кардаанд. Яъне тақрибан 600 баробари будҷаи солонаи Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG