Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Домулло Муҳаммадӣ ба хок супурда шуд


Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ.

Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ.

Маросими ба хоксупории Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ бинобар "эҷоди монеаҳо", имрӯз баргузор шуд.

Шогирдони Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ ба мардуми Тоҷикистон эълон кардаанд, ки бинобар эҷоди монеаҳо аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Қумсангир, маросими хоксупорӣ соати 16:00-и рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, эълон шуда буд, ки маросими хоксупории Домулло Муҳаммадӣ рӯзи ҷумъаи 23--юми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Фазлуллоҳи Муҳаммадӣ, фарзанди Домулло Муҳамамадӣ дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат тасмим ин буд, ки маросими хоксупорӣ рӯзи ҷумъа сурат бигирад, вале имрӯз мақомоти ноҳия гуфтаанд, беҳтар аст, ки ин маросим рӯзи панҷшанбе доир шавад.

Фарзанди Домулло Муҳаммадӣ сабаби ин тағйиротро шарҳ дода гуфт, ки мақомоти ҳукумати кишвар гуфтаанд, ки агар рӯзи ҷумъа маросими хоксупорӣ сурат гирад, ҳамаи имомхатибҳо ба маросими дафн мераванд ва ҳангоми намози ҷумъаи рӯзи 23-юми ноябр, масҷидҳо холӣ мемонанд. Аз ин рӯ ба қавли Фазлуллоҳ, маросими хоксупорӣ ба нимаи дуввуми ҳамин рӯз гузошта шуд.

Домулло Муҳаммадӣ 87-сол умр дошт ва бар асари бемории тӯлонӣ шаби гузашта дар деҳаи «Қизил Нишон, собиқ колхози Коммунизми ноҳияи Қумсангир аз дунё чашм пӯшид. Ба иттилои Маркази исломии Тоҷикистон, Домулло Муҳаммадӣ дар тарбияи даҳҳо шогирдони улуми исломӣ нақши муҳим дорад.

Домулло Муҳаммадӣ писари шайх Сайид Аҳмад соли 1925 дар Ҳоити водии Қаротегин тавалуд шудааст. Ӯ маълумоти ибтидоии диниро дар назди руҳониёни маъруф, аз ҷумла Домулло Абдурашид гирифтааст.

Дар солҳои ҷанги дохилӣ чун ҳазорон шаҳрванди кишвар бо аҳли хонаводааш иҷборан ба давлати ҳамсояи Афғонистон ҳиҷрат кард. Ӯ яке аз аввалин маъруфтарин донишмандони исломӣ буд, ки зарурати бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кардани қазияи Тоҷикистонро пешниҳод карда буд ва барои амалӣ шудани он талош мекард ва дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми худро гузошт. Баъди имзои созишномаи сулҳ ва бозгашт аз ҳиҷрат, ба таълифи рисолаҳои фиқҳӣ ва дигар китобҳои динӣ, ки феълан толибилмон аз онҳо дарс мегиранд, машғул буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG