Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишорҳои нав ба мухолифони Қазоқистон


Мақомоти интизомии Қазоқистон мехоҳанд ду гурӯҳи мухолифон ва чанд нашрияро тундрав эълон кунанд ва фаъолияти онҳоро дар кишвар боздоранд.

Нурдавлат Суиндиков-сухангӯи Додситонии кулли Қазоқистон дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе баёнияи матбуотӣ ба нашр расонд. Додситонии Алмаато аз додгоҳ хост, ки ҳизби сабти ном нашудаи “Алга” (“Ба пеш”) ва ҷунбиши “Ҷабҳаи Мардумӣ”-ро гурӯҳҳои тундрав эълон кунад.

Суиндиков ҳамчунин гуфт, ки рӯзномаҳои мухолифон бо номҳои “Республика”, “Взглд”, телевизиони моҳвораии K Plus ва чанд торнамои хабарӣ низ бояд баста шаванд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта Владимир Козлов-раҳбари “Алга”маҳкум ба зиндон шуд. Вайро барои нақшаш дар тазоҳуроти маргбори як соли пеш дар шаҳри Жаноазени муттаҳам карданд.

Иттиҳодияи Рӯзноманигорони Қазоқистон ва гурӯҳи дифоъ аз матбуот бо номи Адил-Соз ин тасмими додситониро ғайриқонунӣ хонанд ва онро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG