Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандии имтиёзнок ба қирғизҳо хотима ёфт


Созиши махсуси Русияву Қирғизистон дар бораи содашавии тақдими шаҳрвандии Русия ба шаҳрвандони Қирғизистон эътибори худро гум кард. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Нурҷигит Қодирбеков рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, ки 9-уми ноябр Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия созишро лағв кард. Бар пояи созише, ки соли 1996 имзо шуда буд, ҳар шаҳрванди Қирғизистон баъди гирифтани иҷозатномаи иқомат дар Русия метавонист дар давоми се моҳ шаҳрванди Русия шавад. Дар ин солҳо ҳазорон муҳоҷири кории қирғиз имкон ёфтанд, шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG