Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол 5,5 тонна маводи мухаддир гирифтаанд


Дар 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон қариб 5 тоннаву 455 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки назар ба як соли қабл 1,5 тонна бештар будааст. Ожонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, аз ин шумор 483 килояш ҳероин, 598 килояш – афюн ва 4 тоннаву 374 килояш анвоъи дигари банг будааст. Имсол дар Тоҷикистон 3 мавриди қочоқи маводи мухаддири синтетикӣ низ ошкор шудааст.
XS
SM
MD
LG