Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати боз 18 фаластинӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба навори Ғаззаҳ имрӯз 18 фаластинӣ ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмӯъ, баъд аз шурӯи дубораи низоъ миёни гурӯҳи ҲАМОС ва Исроил 95 нафар, асосан, фаластиниҳо ҷон бохтанд, ки бештари онҳо мардуми осоишта, аз ҷумла, занону кӯдаконанд.

Вазири умури хориҷии Миср Муҳаммад Амр изҳор намуд, ки мехоҳад рӯзи сешанбе ба навори Ғаззаҳ сафар кунад. Миср аз миёнҷигарони асосии байнулмилалӣ барои хатми хушунат миёни Исроилу ҲАМОС боқӣ мемонад. Ҳамон рӯз сафари ҳайати
Ҷомеъаи кишварҳои араб ба ин минтақа дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон Исроилро “кишвари террористӣ” номид. Дар нишасти Шӯрои исломии АвруОсиё ӯ изҳор намуд, “онҳое, ки номи исломро бо терроризм марбут мекунанд, аз куштори оммавии мусалмонҳо чашм мепӯшанд”.
XS
SM
MD
LG