Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Карзай аз идомаи ҳабсу боздошт аз сӯи амрикоиҳо


Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ чун пештара боздошту ҳабси афғонҳоро идома медиҳанд ва ин хилофи созиши ҳосилшуда миёни Вошингтону Кобул аст. Ба гуфтаи Карзай, дар ҳоле, ки додгоҳҳои Афғонистон барои раҳоии маҳбусон ҳукм содир кардаанд, амрикоиҳо барои озод кардани онҳо шитоб надоранд.

Моҳи марти соли равон ИМА ва Афғонистон созишеро имзо карданд, ки бар пояи он, аз ҷумла, маҳбаси пойгоҳи ҳавоии Багром дар ихтиёри мақомоти Афғонистон қарор мегирад. Айни ҳол дар ин маҳбас 3 ҳазор нафар нигаҳ дошта мешаванд. Аммо интиқоли маҳбас ба нерӯҳои афғон то ҳол сурат нагирифтааст, зеро Вошингтон ба омодагии афғонҳо барои идораи ин маҳбас мутмаин нест.
XS
SM
MD
LG