Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори раҳбари ҲК аз таҳдиди фасод ба Чин


Син Сзин Пин, Дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин, дар нахустин суханронияш дар мақоми нав, хостори муборизаи шадид бо фасод шуд. Ӯ дар нишасти Бюрои сиёсии ҲКЧ бахшида ба натоиҷи анҷумани ахири ҳизб гуфт, ки солҳои ахир моҷароҳои марбут ба фасод боиси хашми мардум ва нооромиҳо шуданд. Син Сзин Пин изҳор намуд, ки фасод ба бақои ҳизб ва ҳатто давлати Чин таҳдид мекунад.

Аз ин пеш сарвари феълии Ҷумҳурии халқии Чин ва акнун раҳбари пешини ҳизб Ҳу Ҷин Тао ҳам гуфта буд, ки фасод тавони ҳизбро заъиф кардааст. Аммо ӯ изҳори умедворӣ карда буд, ки Ҳизби коммунист "метавонад мустақилона ва бидуни ҷарроҳӣ ин маризиро шифо бахшад".
XS
SM
MD
LG