Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додоҷон Раҷабӣ, адиби тоҷик, даргузашт


Додоҷон Раҷабӣ
Додоҷон Раҷабӣ
Додоҷон Раҷабӣ, адиби тоҷик, дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузаштааст. Ӯ солҳои зиёди умри худро барои навиштани асарҳои бачагона ва таҳқиқи саҳифаҳои норӯшани адабиёти тоҷик дар даврони "репрессияи сталинӣ" сарф кардааст. Маҷмӯаи мақолаҳои Раҷабӣ дар ин мавзӯъ дар як муҷаллад соли 1998 таҳти унвони "Осмони хамида" ба нашр расида буд.

Додоҷон Раҷабӣ моҳи апрели соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии ӯ пас аз хатми Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд дар нашрияи "Ҳақиқати Ленинобод" оғоз ёфта, сипас дар нашрияҳои "Комсомоли Тоҷикистон", Кумитаи давлатии радио ва телевизион, нашрияи "Адабиёт ва санъат" ва "Садои мардум" идома меёбад.

Ӯ солҳои ахир масъулияти бахши матбуоти Идораи кишоварзии ҳукумати Суғдро бар ӯҳда дошт. Додоҷон Раҷабӣ муаллифи беш аз даҳ китобу асарҳои саҳнавист, ки "Дилсӯзӣ", "Кулчаи зағора", "Шабе, ки барф меборид", "Қиссаи модари нав" ва “Анори дона-дона” аз ҷумлаи онҳоянд.
XS
SM
MD
LG