Пайвандҳои дастрасӣ

Харитаи сухану супоришҳои Э.Раҳмон фаъол гардид


Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои осон намудани дастрасӣ ба суханронию супоришҳои президент дар минтақаҳои гуногуни кишвар, харитаи интерактивиро фаъол кардаст.

Ин харита дар сомонаи расмии раисиҷумҳур ворид гардида, ба иттилои дафтари матбуотӣ барои осону қулай ва зуд пайдо намудани хабару гузоришҳо, аксу навор, китобҳо ва дигар маводи зарурӣ таҳия ва пешкаш гардидааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар харитаи интерактивии Тоҷикистон ҳамаи 65 шаҳру ноҳияи кишвар нишон дода шудааст. Ҳангоми пахш намудани ягон шаҳр ва ё ноҳия, хабару гузоришҳо аз сафарҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳамон макон бо аксу наворҳояш пешкаш мегардад.

Таҳиягарони харита мегӯянд, он дар барномаи HTML5 сохта шуда, ба ҳама намуд ва шакли браузерҳои хонандагони сомона дар бахшҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисии он дастрас мебошад.
XS
SM
MD
LG