Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи Шунин 20 ноябр баррасӣ хоҳад шуд


Антон Шунин (Акс аз бойгонӣ)

Антон Шунин (Акс аз бойгонӣ)

Лигаи олии футболи Русия рӯзи 20 ноябр дар як нишасти изтирорӣ хушунатҳо дар бозии ахири “Динамо”-и Маскав бо “Зенит”-и Санкт-Петербургро баҳс хоҳад кард. Ин бозии рӯзи шанбе дар варзишгоҳи Химкии Маскав алакай дар дақиқаи 37-ум, баъди сӯхтани рухи дарвозабони “Динамо” Антон Шунин бар асари асобати як фейерверк, ки аз нишастгоҳи мухлисони “Зенит” партофта шуд, қатъ карда шуд. Пулис мегӯяд, таҳқиқи наворҳои видеоӣ нишон дод, ки фейерверкро як духтари ҷавон аз байни мухлисони “Зенит” андохтааст ва феълан ӯро ҷустуҷӯ доранд.
XS
SM
MD
LG