Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷлосияи 16-ум, шароити зиндонҳо, баҳси нерӯгоҳи Роғун ва созишҳои ахири Маскаву Душанбе, аз мавзӯъҳои меҳварии ҳафтаномаҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе мебошанд.

«Азия Плюс» «Асрори Иҷлосияи 16-ум»- ро мавзӯи марказии худ қарор додааст. Умед Бобохонов, ки дар иҷлосияи 16-ум ба сифати рӯзноманигор иштирок доштаст, аз сӯҳбатҳояш бо масъулини узбак дар Иҷлосияи 16-ум ёдовар шуда, хулоса кардаст, ки мақомдорони узбак аз рафти ҳодисаҳо дар иҷлосия, пешакӣ огоҳ буданд. Вай дар қатори асрори нокушодаи ин иҷлосия ҷузъиёти номаълуми истеъфои Раҳмон Набиев, тайи ду рӯз нопадид шудани Сафаралӣ Кенҷаев ва коргардонҳои номаълуми иҷлосияро номбар мекунад. Бобохонов суол мегузорад, ки чаро баъди оши оштӣ ҷанг боз панҷ сол идома кард: "Баъди созишҳо дар иҷлосия кӣ боз силоҳ гирифт? Мухолифин ё Фронти халқӣ ё ин қарори фармондеҳони артиши кишварҳои хориҷӣ буд?" Бобохонов аз қавли намояндагони доираҳои илмии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз замони ифшои тамоми ҷузъиёти иҷлосия нарасидаст.

Нашрияи «Фараж» ба таҳлилгарон ва сиёсатмадорони тоҷик бо суоли «Оё иҷлосияи 16-ум воқеан ҳам тақдирсоз буд?», муроҷиат кардаст. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон гуфтааст, иҷлосия ду паҳлӯ дошт: «Якум, барои ҳокимияти имрӯза тақдирсоз буд. Вале барои он анъанаҳои давлатдории демократие, ки имкон дошт, дар Тоҷикистон пеша гарданд, тақдирсӯз буд.» Профессор Иброҳим Усмонов нақши иҷлосияи 16-умро дар он гуфтааст, ки мардумро ба ҳукумати марказӣ бозгардонд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ то ин Иҷлосия ҳама аз Марказ канда шуда буданд. Усмонов афзудааст, арзиши сиёсии ин иҷлосия дар он аст, ки роҳи ҳақиқии инкишофи истиқлолияти Тоҷикистонро муайян кард. Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-умро тақдирсоз гуфта, таъкид кардаст, ки ин иҷлосия барои якпорчагии давлат ва волоияти қонун дар Тоҷикистон замина гузошт.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» созишҳои ахири Душанбе ва Маскавро ба баррасӣ кашидаст. «Нигоҳ» бо назардошти таъхиркориҳо дар имзои созишномаи лағви боҷи гумрукӣ зарур гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд созишнома дар бораи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русияро дар ҳамбастагӣ бо имзои созишномаҳои маводи сӯхту муҳоҷират ба тасвиб расонад.

Ҳафтаномаи «Озодагон» аз иҷро нашудани дастури президенти Тоҷикистон дар бораи боло бардоштани маоши кормандон дар кишвар хабар медиҳад. Нашрия менависад, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ бояд музди меҳнат дар соҳаи маориф аз 40 то 60 фоиз, фарҳанг 50 фоиз, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 40 фоиз ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 30 фоиз баланд мешуд, ки пурра иҷро нагардидааст. Ба навиштаи «Озодагон», Вазорати молияи Тоҷикистон дар иҷро нагардидани дастури президент, муҳосиботи вазорату идораҳоро айбдор медонад, ки то ҳол феҳристи кормандони худро мутобиқ ба андозаи изофаи моҳона пешниҳод накардаанд.

«ИмрӯзNews» аз афзоиши бемориҳои рӯҳӣ дар кишвар хабар дода, аз қавли масъулини Вазорати тандурустӣ менависад, аксари ин маризон худро бемор эътироф намекунанд. Масъулини беҳдошти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки дар ҳоли афзоиши беморони рӯҳӣ, дар шаҳри Душанбе як маркази муолиҷаи ин маризӣ баста шуда, ба ҷои он боғи истироҳат бунёд гардидааст.

Ҳафтаномаи «СССР» ин ҳафта сайри хабарнигорашро дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе, мавзӯи марказии худ қарор додаст. Муаллифи матлаб аз қавли наздикони маҳбусон, фасодро дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе инкор карда, зиндонбонҳоро «содиқу ҳалолкор» ба қалам додааст. Ба навиштаи «СССР», ошхонаи барҳавои зиндони рақами 1 аз дилхоҳ ошхонаи бозорҳои «Корвон»-у «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе беҳтар аст. Дар мавриди анвои ғизои маҳбусон муаллифи матлаб гуфтааст, ки дегҳои пур аз хӯроки гарми якуму дуюмро дидааст. Инчунин Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Оҷонсии мубориза бо маводи нашъадори Тоҷикистон, ки ҳоло зиндонӣ аст, бо такя ба собиқаи будубошаш дар зиндонҳои замони шӯравӣ, шароити ҳозираи зиндонҳои Тоҷикистонро ба маротиб беҳтар гуфтаст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG