Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонов: Ҷангу сулҳи тоҷикон ҳанӯз таҳқиқ мехоҳад


Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо", ки ҳадаф дорад ҳодисаҳои муҳими замони истиқлолияти Тоҷикистонро таҳқиқ кунад, расман фаъол шуд.

Иброҳим Усмонов, муассиси ин созмони ҷамъиятӣ, 16-уми ноябр дар як нишсти хабарӣ бо журналистон гуфт, барномаи фаъолияти Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо»таҳқиқи ҳодисаҳое, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсӣ ба амал омаданд, таҳқиқи муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, таҳқиқи муносибати байни арзишҳои умумибашарӣ, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои диниро дар бар мегирад.

Иброҳим Усмонов мегӯяд, ҳоло шарҳи руйдоду ҳодисаҳои солҳои нооромӣ аз забони нафароне садо медиҳад, ки аз воқеияти он солҳо дуранд.

Иброҳим Усмонов дар мавриди татбиқи барномаи ин Бунёд гуфт, ки ба он ташкилотҳо ва шахсиятҳое такя кардан мехоҳад, ки ба дониши бештаре дар бораи ҳодисаҳои замони истиқлол ниёз доранд: «Шояд шахсиятҳое пайдо шаванд, ки пайи ин гуна чизҳо бошанд. Ва дуруст аст, ки мутахассисонро ройгон ҷалб карда наметавонем ва ба қадри пайдо шудани имконияти моддӣ, онҳоро дар ин корҳо истифода хоҳем кард.»

Иброҳим Усмонов дар расидагӣ ба ин суол, ки аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, даҳсола мегузарад оё дубора ҷалб кардани таваҷҷуҳи омма зарурат дорад, гуфт, эҳтиёҷ ба муҳокима, баррасӣ,натиҷагирӣ ва бардоштани рамзу аз воқеияти гузашта ҳамеша буд ва ҳаст.
XS
SM
MD
LG