Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи мушакӣ ба Тел-Авив ва амалиёт дар Ғаза


Ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба навори Ғаза.

Ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба навори Ғаза.

Исроил дар муқобили мушакборонҳои фаластиниён, амалиёти низомиро тавсеа бахшидааст.

Телавив ҳушдор додааст, ки ба хотири ҳимоят аз шаҳрвандонаш тамоми чораҳои заруриро хоҳад андешид.

Рӯзи панҷшанбе баъди куштори се мулкии исроилӣ бо мушак аз минтақаи Ғаза, сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу гуфт: “Ягон ҳукумат ба ин вазъ таҳаммул нахоҳад кард, ки панҷяки қаламраваш мавриди ҳамлаҳои доимии мушак қарор гирад ва Исроил ҳам ин вазъро таҳаммул намекунад. Ҳукумати зери раҳбарии ман ба вазорати мудофиа амр додааст, бар зидди инфрасохтори террористон дар минтақаи Ғаза ҳамлаҳои ба истилоҳ ҷарроҳӣ пиёда кунад.”

Амалиёти нерӯҳои исроилӣ бар зидди Ҳамос рӯзи чоршанбе оғоз шудааст. Бар асари ҳамлаҳои рӯзи чоршанбе дар минтақаи Ғаза, дастикам 13 фаластинӣ ва аз ҷумла чанд кӯдак ҳалок шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе чирикҳои фаластинӣ шаҳри Тел-Авивро мавриди оташ қарор доданд. Ин аввалин ҳамла болои бузургтарин шаҳри Исроил дар тӯли бист соли ахир аст. Мушакҳои ҷангҷӯён ба касе исобат накарданд: яке ба баҳр афтидаву дигаре дар ҷануби ин шаҳр ба замин бархӯрд.

Вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак сафарбарии умумӣ эълон кардааст. Ба гуфтаи вазири дифои Исроил, эҳтимол то сӣ ҳазор нафар аз ҳисоби афсару сарбозони эҳтиётӣ, дар ҳолати омодабош қарор бигиранд.

Рӯзи панҷшанбе дар як паёми телевизионӣ президенти исломгарои Миср Муҳаммад Мурсӣ амалиёти Исроилро таҷовузи ғайри қобили қабул номид: “Мавқеи мо дирӯз возеҳ буд. Мо нигаронии худро тавассути бозхонди сафири мисрӣ аз Исроил ошкор шуд. Мо сафири Исроилро даъват карда, ба воситаи вазорати корҳои хориҷӣ ба ӯ мавқеи Миср дар иртибот бо таҷовузи Ғаззаро расондем.”

Сухангӯи президенти Миср ба хабарнигорон гуфт, рӯзи ҷумъа ба нишони пуштибонӣ аз фаластиниҳо сарвазири ин кишвар Ҳишом Қандил аз Ғаза боздид мекунад. Дар Вашингтон, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер гуфт, Миср бояд аз нуфузаш дар минтақа истифода бурда, дар коҳиши ташаннуҷ саҳм гирад. Сухангӯи Қасри Сафед Ҷей Карней мегӯяд, мушакборони ҷангҷӯёни фаластиниро ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад сафед кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG