Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 9 корманди собиқи вазорати Гурҷистон


Мақомоти Гурҷистон, 9 корманди собиқи вазорати умури дохилиро боздошт кардаанд. Дар миёни онҳо аз ҷумла Леван Кардава, раиси собиқи бахши риояти Қонуни Асосӣ дар ин вазорат низ ҳаст. Вакили дифоъаш рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, Леван Кардава ва дигар ҳамроҳони ӯро бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва худсарона маҳрум кардан аз озодӣ боздошт кардаанд. Гӯё ин афрод дар рабудани як муҳофизи Бидзина Иванишвилӣ даст доштаанд, ки ӯ моҳи гузашта, ба мақоми нахуствазири Гурҷистон расид. Пештар аз ин Андерс Фог Рассмусен аз боздошти ду генерали артиш ва вазири собиқи умури дохилии Гурҷистон изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG