Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ низ маъйубонро аз парвоз маҳрум кард


Додгоҳи Олии Русия тасдиқ кардааст, ки ширкатҳои ҳавоӣ ҳақ доранд, дар ҳоли надоштани шароити қабул мусофирони маъйубро аз парвоз дар ҳавопаймоҳояшон маҳрум кунанд.
Тибқи қарори вазорати нақлиёти Русия агар ширкатҳои ҳавоӣ шароит ва ҷои муносиб барои қабули мусофирони маъйуби савори аробаро надошта бошанд, онҳо метавонанд ин мусофиронро аз парвоз маҳрум намоянд. Қазияро гурӯҳи бо номи “Назорати ҷамъиятӣ дар амал” ба додгоҳ кашида буд. Онҳо шикоят доштанд, ки ҳангоми парвоз аз Маскав ба Дюселдорфи Олмон ширкати ҳавоии Эйр Берлин мусофирони маъйубро аз парвоз маҳрум кард, зеро ҳавопаймо имкон дошт танҳо ду мусофири аробасаворро қабул кунад. Ҷои тассуф будааст, ки гурӯҳи мусофири маъйуби аробасавор ба Олмон барои ширкат дар семинаре сафар мекард, ки дар он мебоист таҷрибаи пешақадами Олмон дар ташкили шароити буду боши мардуми маъйуб омӯхта шавад.
XS
SM
MD
LG