Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ягонаи коршиканӣ дар кишварҳои аврупоӣ


Дар бисёр кишварҳои аврупоӣ имрӯз иттиҳодияҳои коргарӣ ва ҳизбҳои чапгаро Рӯзи ягонаи коршиканӣ алайҳи чораҳои шадиди сарфаи буҷа аз сӯи ҳукуматҳоро доир карданд.

Ширкатдорони намоишҳо мегӯянд, ки коҳиши ҷойҳои кор ва моҳона дар бахши давлатӣ, кам шудани нафақа ва пардохтҳои иҷтимоӣ, ки ҳукуматҳои Фаронса, Испания, Португалия, Италия, Юнон ва дигар кишварҳо бо тавсияи Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ кардаанд, пеш аз ҳама ба қишрҳои камбизоат зарба мезанад.

Дар Испания, ки сатҳи бекорӣ ба 25 дар сад расидааст, имрӯз садҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз дар хиёбонҳо ҷамъ омадаанд, нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунад, мактабҳо баста шудаанд. Намоишҳо бо теъдоди камтари мардум дар дигар кишварҳо низ идома доранд.
XS
SM
MD
LG