Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои генералҳо. Обама ҳамоно ба Аллен эътимод дорад


Пентагон таҳқиқотеро дар бораи имейлҳо раду бадалшуда миёни фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ва як зан дар ИМА, анҷом медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Қасри Сафед мегӯяд, президенти ИМА Барак Обама ба генерал Ҷон Аллен эътимод дорад ва дар ҳоле ки тафтиши рафтори ношоями ӯ оғоз ёфтааст, Аллен ҳамоно фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.

Рӯзи сешанбе сухангӯи Қасри Сафед Ҷон Карней ба хабарнигорон гуфт, ба ақидаи президент Обама кори генерал Аллен дар Афғонистон хуб аст: “Президент
Ҷай Карней, сухангӯи Кохи Сафед
Ҷай Карней, сухангӯи Кохи Сафед
Обама ба генерал Аллен бовар дорад ва бар ин назар аст, ки ӯ аз ӯҳдаи вазифаҳояш дар сафи нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар Афғонистон ба хубӣ мебарояд. Ва агар дар робита бо генерал Аллен саволи дигаре дошта бошед, машварат медиҳам, ки ба Пентагон муроҷиат кунед.”

Дар ҳоли ҳозир муфаттишон мухобироти ба истилоҳ “ғайри қобили қабули” генерал Аллен бо як занеро тафтиш доранд, ки дар маркази ҷанҷоли собиқ раиси Идораи марказии кашфи ИМА ё худ CIA генерал Дейвид Петреус қарор дорад. Ба қавли вазорати мудофиаи ИМА, дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки дар байни солҳои 2010-2012-ум генерал Аллен бо хонум Ҷилл Келлӣ ҳазорҳо саҳифа мухобирот доштааст.

Келлӣ дӯсти оилаи генерал Петреус мебошад, ки аз номи Пола Бродвелл-зане, ки тибқи гузоришҳо маъшуқаи генерал Петреус будааст, чандин паёми электронии саршор аз таҳдид дастрас намудааст. Рӯзи ҷумъа баъди ошкор шудани равобити ғайришаръии Петреус бо Бродвелл, ӯ аз мансаби раиси Идораи марказии кашфи ИМА истеъфо дод.

Ба қавли сухангӯи Қасри Сафед, президент Обама ба пешниҳоди вазири мудофиа Леон Панетта мувофиқат кард, ки пешбарии генерал Аллен ба мансаби фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Аврупо ба таъхир гузошта шавад. Карней мегӯяд: “Бо дархости вазири мудофиа президент Обама пешбарии генерал Аллен ба
Генерал Аллен ва Петреус.
Генерал Аллен ва Петреус.
мансаби фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Аврупоро то замони анҷоми таҳқиқи қазия дар вазорати мудофиа ба таъхир гузошт.”

Тибқи нақша, рӯзи панҷшанбе генерал Аллен мебоист дар Сенати ИМА ба ҳайси фармондеҳи нерӯҳои паймони НАТО дар Аврупо тасдиқ шавад. Аллен дар моҳи июли соли 2011-ум ба ҷои генерал Петреус фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон таъйин шуд. То он вақт ин собиқадори ҷанги Ироқ муовини фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА буд. То ҳол дақиқ нашудааст, ки Аллен бо чӣ муттаҳам мешавад. Мансабдорон тафсилот намедиҳанд, ки оё Аллен ягон иттилои махфиро ошкор намудааст ё хайр?

Хонум Келлии 37–сола тибқи гузоришҳои расида, ҳамчун ходими иҷтимоии бидуни маош дар пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар минтақаи Тампаи аёлати Флорида ифои вазифа кардааст. Қароргоҳи ситоди марказии нерӯҳои ИМА дар ҳамон пойгоҳ ҷойгир буда, ҳам генерал Петреус ва ҳам генерал Аллен дар он хидмат кардаанд.
XS
SM
MD
LG