Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳомоти нав бар зидди муттаҳидони Саакашвилӣ


Бачо Ахалая-вазири пешини дохила

Бачо Ахалая-вазири пешини дохила

Додситонии кулли Гурҷистон бар зидди Бачо Ахалая-вазири пешини дохилава Георгий Каландадзе-раиси пешини ситоди нируҳои мусаллаҳи ин кишвар иттиҳомоти нав эълон кард. Онҳоро акнун барои шиканҷа ва ғайриқонунӣ ба зиндон андохтани сарбозон гунаҳгор медонанд.

Георгий Каландадзе бори дуввум барои суистифода аз мақом гунаҳгор дониста мешавад. Бори аввал вайро барои бидуни ғизо 3 шаб нигоҳ доштани сарбозон дар хонаи сард муттаҳам карда буданд.

Бачо Ахалая, Георгий Каландадзе ва Зураб Шмантава-фармондеҳи бригадаи артиш ҳафтаи гузашта барои суистифода аз мақом боздошт шуда буданд.

Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО аз боздоштҳои ахир дар Гурҷистон изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG