Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси «Тоҷик Эйр» барканор шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Музаффар Исҳоқовро аз вазифаи Директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» озод кард. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур далели озодшавии Исҳоқовро ба кори дигар гузаштани ӯ рабт медиҳад. Директори нави «Тоҷик Эйр», Ҳамроев Фирӯз Халилович, ки то ҳол муовини вазири нақлиёт буд, таъин гардид. Ҳамзамон бо фармони президенти Тоҷикистон, Саидов Асомуддин Асадуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод шуда, ба ҷояш Раҳимов Олим Собирович таъин гардид. Олим Раҳимов то ҳол сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд. Инчунин , Идиев Ҳусайн Сафаралиевич директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG