Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи 18 узви нави Шӯрои ҳуқуқи башар дар СММ


Сюзан Райс сафири ИМА дар СММ
Сюзан Райс сафири ИМА дар СММ
ИМА бори дигар соҳиби яке аз 47 курсии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шуд.
Дар қатори ИМА 17 кишвари дигар ҳам барои як даври сесола аъзои ин Шӯрои мустақар дар шаҳри Женева интихоб шуданд.
ИМА Олмон ва Ирландия дар гурӯҳи кишварҳои “Аврупои ғарбӣ ва дигарон” ба узвияти Шӯро интихоб шуданд. Ҳамчунон Аргентина, Бразилия, Венесуэла аз номи кишварҳои Амрикои Лотинӣ, кишвари Соҳили Оҷ (Ivory Coast) Эфиопия, Габон, Кения, Сиера Леоне аз номи Африқо, Япония, Қазоқистон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб аз номи Осиё ва Эстонияву Черногория аз номи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пазируфта шуданд.
Сар аз якуми январи соли оянда кишварҳои тозаинтихобшуда ҷои 18 кишвари барканоршудаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро ишғол хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG