Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Истиқлол” - “Равшан” 29 ноябр баргузор мешавад


Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаи мусобиқаи Лигаи олии кишварро муайян кард.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 22-юм, 25-ум ва 29-уми ноябр баргузор мешаванд.

Бозии охирин ва ҳалкунандаи мусобиқа миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи панҷшанбе, 29-уми ноябр дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи Лигаи олӣ:
22-юми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
бозии № 95 «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд)
бозии № 128 «Истаравшан» (Истаравшан) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
бозии № 137 ССКА «Помир» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

25-уми ноябр (якшанбе) - соати 14.00
бозии № 138 «Энергетик» (Душанбе) - «Истиқлол» (Душанбе)

29-уми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
бозии № 144 «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 21 17 2 2 41-9 53
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 21 16 4 1 62-15 52
3. «Хайр» (Ваҳдат) 22 15 3 4 42-25 48
4. «Истиқлол» (Душанбе) 19 13 4 2 54-10 43
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 21 9 4 8 42-30 31
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 23 9 4 10 28-20 31
7. КМВА “Помир” (Душанбе) 22 7 6 9 23-23 27
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 21 7 6 8 27-30 27
9. «Истаравшан” (Истаравшан) 20 7 4 9 31-37 25
10. «Энергетик» (Душанбе) 20 6 6 8 26-27 24
11. «Ҳосилот» (Фархор) 22 4 2 16 18-56 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 22 3 0 19 15-61 9
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 22 1 3 18 21-87 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Нуъмон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Даври 25-ум
12-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Зарафшон»
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»
13-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
ССКА «Помир» - «Ҳосилот»
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Истаравшан»

Даври 26-ум
17-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик»
18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»
«Зарафшон» - «Равшан»
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG