Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 18 узви нав қабул мекунад


Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай

Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай

Имрӯз Маҷмаи кулли СММ 18 узви нави Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро интихоб хоҳад кард. Қазоқистон Черногория ва Покистон номзадиҳояшонро барои узвият дар ин Шӯро, ки аз 47 аъзо иборат аст, пешниҳод кардаанд. Қароргоҳи асосии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Женева аст. Созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ва ё Афви байналмилалӣ аз Қазоқистон даъват кардааст, ки ин кишвар ҳангоми қабули қарорҳои ҳукуматӣ машваратҳои мардумӣ бо ширкати табақаҳои мухталифи аҳолӣ доир намояд. Ҳамчунон ин созмони дидбони ҳуқуқи башар, ки мақарраш дар Лондон аст, аз нокомии доимии ҳукумати Покистон дар ҷилавгирӣ аз табъиз, таҳдиду хушунат бар зидди ақаллиятҳо ва муҷозоти масъулони ин аъмол изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG