Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҷҳизоти ҳастаӣ пинҳон мекунад?


 Акси коргоҳи Парчин аз кайҳон
Акси коргоҳи Парчин аз кайҳон
Раиси бунгоҳи ҳастаии СММ мегӯяд, ба назар мерасад, ки Эрон саъй дорад, дар арафаи музокироташ бо кишварҳои абарқудрат таҷҳизотро аз як коргоҳи эҳтимолан ҳастаӣ берун кашад.
Рӯзи якшанбе ҳангоми зиёрат аз Ироқ Юкия Амано-раиси Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфт, дар коргоҳи низомии Парчин, воқеъ дар ҷанубу шарқи Теҳрон, кӯшишҳои берун кашидани таҷҳизот мушоҳида шудааст. Кишварҳои ғарбӣ бовар доранд, ки ҳадаф аз барномаи ҳастаии Теҳрон тавлиди силоҳи ҳастаӣ мебошад, вале Эрон исрор меварзад, ки барномааш ҳадафҳои мулкӣ дорад.Тахмин мешавад, ки рӯзи ҷумъа Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ гузориши ахираш дар бораи фаъолиятҳои шубҳабарангези Эронро нашр намуда, дар таърихи 13-уми декабр, яъне баъди фосилаи чормоҳа дар Теҳрон бо мақомоти эронӣ сари мизи музокирот менишинад.
XS
SM
MD
LG