Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар бар асари таркиши минаҳо дар Афғонистон


Шаби гузашта дар Афғонистон шаш узви як хонавода, аз ҷумла, зан ва як тифли навзод,бар асари таркиши мина ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар вилояти Хуст, воқеъ дар марзи Покистон, дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки аҳли хонавода баъд аз таваллуди тифл аз бемористон ба манзил бармегашт.

Дар ҷануби Афғонистон бошад, бар асари таркиши мошин аз минаи рӯи раҳ се сокини осоишта ҷон бохтанд.

Мақомоти Афғонистон масъулияти ҳалокати мардуми осоиштаро бар дӯши мусаллаҳони “Толибон” мегузоранд.
XS
SM
MD
LG