Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 20 низомии суриягӣ дар таркишҳои Даръо


Бар асари ду таркиш дар шаҳри Даръо, воқеъ дар ҷануби Сурия, дасти кам 20 афсару сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, таркишҳо дар фосилаи чанд дақиқа дар бинои клуби афсарон рӯй доданд.

Задухӯрдҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ва мухолифини мусаллаҳ асосан дар шимоли кишвар, дар шаҳри Ҳалаб ва вилояти Идлиб идома доранд.

Дар ҳамин ҳол Ҷорҷ Сабра, дигарандеши маъруф, дар нишасти мухолифини Сурия дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, раҳбари Шӯрои миллии Сурия интихоб шуд. Дар нахустин суханронӣ баъд аз интихоб шуданаш Сабра изҳор намуд, ки мухолифин барои мубориза бо режими Башор Асад ба силоҳ зарурат доранд.

Рӯзи шанбе Шӯрои миллии Сурия барои муттаҳидшавӣ бо дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад музокирот кард.

Шӯрои миллии Сурия, ки бештари аъзои он берун аз Сурия ба сар мебаранд, рӯзҳои ахир барои фаъолияти бесамар мавриди интиқоди ҷомеъаи байнулмилалӣ, аз ҷумла, ИМА, қарор дошт.
XS
SM
MD
LG