Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз оламиён ба пуштибонии Малола садо баланд мекунанд


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Мақомоти Покистон ба хонаводаҳои фақир, ки фарзандонашон ба мактаб мераванд, идрорпулӣ хоҳанд дод. Дар ин бора Исломобод рӯзи шанбе, ки аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии пуштибонӣ аз духтараки покистонӣ Малола Юсуфзай ва таҳсили духтарон эълон шудааст, тасмим гирифт. Малола Юсуфзай барои талошҳои ба мактаб рафтани духтарони водии Свот аз сӯи толибон маҷрӯҳ шуд

Дар як нома бо даъвати додани идрорпулӣ ба хонаводаҳои фақир дар Покистон беш аз як миллион нафар имзо гузоштанд. Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ҳам ин номаро имзо кард.

Аз ин пеш фиристодаи вижаи СММ дар умури таҳсилу тадрис, нахуствазири пешини Бритониё Гордон Браун, ар мулоқот бо раҳбарони Покистон дар Исломобод мавзӯи ба таҳсил фаро гирифтани ҳама духтарони кишварро баррасӣ намуд.

Айни ҳол Малола Юсуфзай дар бемористони шаҳри Бирмингеми Бритонё таҳти назорати табибон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG