Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба изҳороти Амрико ҷавоб дод


Эрон гуфтааст, ки ба ҳар гуна таҷовузи ҳарими ҳавоӣ ё заминӣ ҷавоб хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки Амрико ошкор кардааст, ки як ҳавопаймои Эрон бар фарози Халиҷи Форс ба сӯи ҳавопаймои бесарнишини Амрико оташ кушодааст, вале бесарнишин осеб надидааст. Дар ин бора Ҷорҷ Литтл-сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбе дар Вошингтон дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон хабар дод.

Бино ба гуфтаи Литтл, бесарнишин 1 ноябр парвози маъмулии назоратӣ анҷом медод.
Намояндаи вазорати дифои Амрико изҳор дошт, ки кишвараш ҳукумати Эронро дар ҷараён гузоштааст, ки парвозҳои назоратиро дар обҳои байналмиллалии Халиҷи Форс идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG