Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳо ҳаёти 18 афғонро аз байн бурданд


Посгоҳи полиси шаҳри Қандаҳор, ки мавриди ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифта буд
Посгоҳи полиси шаҳри Қандаҳор, ки мавриди ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифта буд
Дар Афғонистон бар асари 3 бомбгузории ҷудогона камаш 18 нафар ба ҳалокат расидаанд. Полиси афғон мегӯяд, дар вилояти ҷанубии Ҳилманд 10 фарди осоишта ва аз ҷумла занону як кӯдак қурбонии бомбгузории канори роҳ ҳангоми тӯи арӯсӣ шуданд.
Сухангӯи волии Қандаҳор мегӯяд, як бомбгузори маргталаб мотосикли саршор аз маводи таркандаро дар назди яке аз посгоҳҳои полиси шаҳр мунфаҷир намуда, се афсари полисро ба қатл расонд.
Дар ин бора сокини Қандаҳор бо номи Нисор Аҳмад мегӯяд:
“Субҳи барвақт ман садои таркишро шунидам. Мо ба ин ҷо омада дидем, ки маргталаб болои посгоҳ ҳамла кардааст. Дар ин бора чизе бештаре гуфта наметавонам.”
Ҳамчунон ба гуфти сухангӯи волии вилояти Лағмон дар маркази ин вилоят-шаҳри Меҳтарлом, як мошини боркаш, ки сарбозони артиши миллии афғонро интиқол медод, ба мина бархӯрд. Дар натиҷа 5 сарбоз ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG