Пайвандҳои дастрасӣ

Таърифи нозирон аз шеваи баргузории интихоботи Амрико


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шеваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Амрикоро ситоиш кард. Нозирони интихоботии созмон бо нашри баёнияе рӯзи сешанбе гуфтанд, ки интихобот бисёр хуб мудирият шуда ва дар “фазои озоди рақобатӣ ва гуногунандешӣ” баргузор шудааст. Аммо ба гуфтаи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баъзе аз нигарониҳо дар системаи интихоботии Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дорад, ки бояд ба онҳо расидагӣ шавад. Дан Эвертс, раиси ҳайъати нозирон гуфт, ”нигаронии воқеъӣ аз масъалаҳои ҳаққи раъйдиҳӣ, дурустии феҳрасти раъйдиҳандагон, шафофият дар маблағгузории корзони интихоботӣ, муқаррароти бозшумории оро ва ҳузури нозирони байналмилалӣ аст.” Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, низоми интихоботии Иёлоти Муттаҳидаро, бисёр печида ва пароканда хонда ва гуфтаанд, ки дар баъзе аёлатҳо, нозирони байналмилалӣ роҳ намеёбанд, мухолиф ба тааҳудоти Амрико дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аст.
XS
SM
MD
LG