Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

240 тоҷикистонӣ барои даъвои маишӣ боздошт шуданд


акс аз сайти www.blogsochi.ru
акс аз сайти www.blogsochi.ru
Ҳамаи онҳо дар сохтмони объектҳои олимпӣ иштирок мекунанд.

Сайти интернетии БлогСочи менависад, ки дирӯз субҳ дар Красная Поляна миёни 240 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон даъво бархостааст. Ин афрод гӯё коргари сохтмонҳои олимпӣ буда, дар як хобгоҳи муваққате ба сар мебурдаанд.

Барои пахши даъвогарон нирӯҳои полис, ОМОН ва хадамоти муҳоҷират ҷалб шудаанд. Як додгоҳи Адлер имрӯз ҳукм кардааст, ки панҷ ташаббускори ин моҷаро барои «адами итоат ба амри ходими полис» ба мӯҳлати 10 рӯз боздошт мешаванд. Нависандаи ин хабар мегӯяд, ки муҳоҷирони ширкатдори ин даъворо, ки сабабаш моҷарои маишӣ гуфта мешавад, савори панҷ автобус назди идораи суд интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG