Пайвандҳои дастрасӣ

Дар саҳнаи сиёсии ИМА ҳизби демократи бо рамзи хар ва ҳизби ҷумҳурихоҳ бо рамзи фил ҷилвагар шудаанд.

Вале барои бисёриҳо маълум нест, ки чаро демократҳо харро рамз интихоб кардаанд ва ҷумҳурихоҳон филро.

Аввалин бор хар дар соли 1828 дар ҷараёни маъракаи интихобии довталаби курсии президентии ИМА Эндрю Ҷексон ҳамчун рамзи ҳизби демократ истифода шуд. Ҷексон қаҳрамони ҷанги соли 1812 ва муҳорибаи аввали Семинола буду шиори интихобии ӯ : “Монед мардум ҳукмронӣ намояд!” будааст.

Рақибон Ҷексонро ба сафсатагӯӣ муттаҳам намуда, ба ӯ “jackass” яъне хар лақаб гузоштанд. Ин лақаб ба Ҷексон маъқул шуд ва ӯ харро рамзи барномаи интихоботиаш интихоб кард. Вале муаллифи рамзи хар ва фил дар саҳнаи сиёсии ИМА карикатуранависи ҳафтаномаи "Harper's Weekly" Томас Наст мебошад.

Соли 1870 Наст дар карикатураҳояш харро ҳамчун рамзи мухолифини ҷанги шарҳвандӣ истифода бурд. Як сол баъд аз он ӯ ҷумҳурихоҳонро ҳамчун фил ба қалам кашида, тавассути он ба ҷумҳурихоҳон ҳушдор дод, ки идомаи ҷанг имкони пирӯзии онҳо дар интихоботро коҳиш медиҳад. Вале бори аввал 7-уми ноябри соли 1874 дар карикатурае зери унвони “Васвасаи даври сеюми раёсатҷумҳурӣ” рамзи хару фил ҳамчун рамзи ду ҳизб истифода шуд.

Он замон Улис Грант саъй дошт, бори сеюм барои ишғоли курсии президенти ИМА талош варзад. Дар ин қисса муаллиф навишта буд, ки вақте хар пӯсти шер бар тан мекунад, ҳамаи ҳайвонҳо ва аз ҷумла фил ё худ ҳизби ҷумҳурихоҳ ба ваҳшат меояд.

Наст ба асотири Эзоп ишора карда буд. Дар он насиҳат ин аст, ки вақте хар либоси шер бар тан мекунад, ӯ метавонад ҳамчун дарранда дигаронро ба ваҳшат орад, вале суханонаш сирри ӯро фош мекунанд. Ҳамин тариқ Наст дар қиcсаҳояш ду ҳизби ИМА-ро ҳамчун хар ва фил қаламдод мекард ва бо мурури замон дигарон ҳам ба ӯ пайравӣ карданд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG