Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти роҳбарони созмонҳои футболи Эрон ва Тоҷикистон


Мулоқоти масъулони футболи Тоҷикистон ва Эрон.
Мулоқоти масъулони футболи Тоҷикистон ва Эрон.

Имрӯз, 6-уми ноябр, бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии футболи Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон, ки ғунҷоишаш 100 ҳазор тамошогар аст, соати 16-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар арафаи ин бозии байналмилалии дӯстона, рӯзи 5-уми ноябр, дар қароргоҳи Федератсиюни футболи Эрон мулоқоти раиси ин созмон Алӣ Кафошиён ва дабири кулл Меҳдӣ Муҳаммад Набӣ бо дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гашт. Ҷонибҳо дар бораи бастани шартномаи ҳамкорӣ миёни созмонҳои футболи ҳарду кишвар ба тавофуқ расиданд. Чунин шартнома дар ояндаи наздик ба тасвиб хоҳад расид.

Фирдавс Файзуллоев ба мизбонон барои пазироии хуш ва фароҳам овардани шароити хуб барои тими миллии Тоҷикистон баҳри омодагӣ ба бозии байналмилалии дӯстона бо тими миллии Эрон изҳори сипос кард ва Алӣ Кафошиёнро барои ташриф ба Тоҷикистон даъват намуд. Роҳбари Созмони футболи Эрон ин даъватро пазируфт.

Дар ин мулоқот, инчунин, узви кумитаи иҷроияи Федератсиюни футболи Тоҷикистон Исроил Шарифов ва сардори департаменти байналмилалии Федератсиюни футболи Эрон Умед Ҷамолӣ ширкат доштанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG