Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ пешакӣ ғолиби мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон гардид.

Ин даста, ки бар тими меҳмон - “Бохтар”-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, бо 59 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт ва новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш дар майдони худ бо тими “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ мақоми аввалро касб кард. Инчунин «Панҷшер» бар асоси дастури мусобиқаи Лигаи якум ҳуқуқ пайдо кард, ки соли 2013-ум дар мусобиқаи Лигаи олӣ ширкат варзад.

Тими «Саройкамар» ва дастаҳои “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ барои медалҳои нуқраву биринҷӣ ва роҳхатҳо ба мусобиқаи Лигаи олӣ талош доранд.

Натоиҷи бозиҳои даври 25-ум:
«Бохтар» - «Пахтакор» - 3-0
«Сабо» - «Панҷшер» - 0-3
«Кӯктош» - «Самар» 3-0
«Ҳулбук» - «Ситора» - 2-1
«Саройкамар» - «Локомотив» - 3-0
«Барқ» - СКИФ – 3-0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Панҷшер" (Румӣ) 23 19 2 2 83-30 59
2. "Ситора" (Рӯдакӣ) 23 18 0 5 46-16 54
3.Саройкамар” (Панҷ) 23 17 1 5 69-30 52
4. "Ҳулбук" (Восеъ) 23 17 1 5 61-29 52
5. "Кӯктош" (Рӯдакӣ) 23 16 3 4 47-22 51
6. "Бохтар” (Бохтар) 23 13 3 7 47-30 42
7. "Самар” (Восеъ) 23 11 4 8 40-33 37
8. "Барқ" (Норак) 24 7 1 16 33-57 22
9. "Сабо” (Шаҳринав) 23 5 1 17 25-51 16
10. СКИФ (Душанбе) 23 3 4 16 24-59 13
11. “Файзобод” (Файзобод) 23 4 0 19 24-61 12
12. “Пахтакор” (Қабодиён) 23 3 3 17 16-46 12
13.
“Локомотив” (Душанбе)
23
2
1
20
14-65
7

Голзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 21 тӯб, Наим Каримов («Панҷшер») - 16 тӯб, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”) - 14 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 11 тӯб.

Бозиҳои даври 26-ум:
10-уми ноябр, шанбе
СКИФ - «Локомотив»
«Файзобод» - «Бохтар»
«Пахтакор» - «Ҳулбук»
«Ситора» - «Кӯктош»
«Самар» - «Сабо»
«Панҷшер» - «Саройкамар»
Бозиҳо соати 14 шурӯъ мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG