Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амано мегӯяд, Эрон ҳамчунон ҳамкорӣ намекунад


Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, мегӯяд, давлати Эрон ҳамчунон аз ҳамкориҳои лозим бо ин созмон сарпечӣ мекунад. Юкиа Амано дар ин бора рӯзи душанбе дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал сухан гуфт. Ӯ афзуд, баъди гузориши моҳи ноябри соли гузашта гуфтӯгуҳои созмон бо Эрон бештар шудааст, аммо кушишҳо барои гирифтани иттилоъоти бештар дар бораи барномаҳои атомии Эрон “натиҷае надодааст”. Дар он замон Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфта буд, ки иттилоъи мӯътамаде дорад, ки Эрон озмоишҳои марбут ба сохти бомби атомӣ анҷом додааст. Эрон мегӯяд, ки барномаҳои атомиаш ба хотири тавлиди нерӯи барқ ва ҳадафҳои сулҳомезанд, аммо кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад. Созмони Милал ва кишварҳои ғарбӣ ба хотири ин барномаҳо, алайҳи Эрон таҳримоти зиёди иқтисодӣ эъмол кардаанд.
XS
SM
MD
LG