Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ниҳоят 80-солагии Хоруғро таҷлил карданд


Таҷлил аз 80-солагии шаҳри Хоруғ, 5-уми ноябри соли 2012.
Таҷлил аз 80-солагии шаҳри Хоруғ, 5-уми ноябри соли 2012.

Ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ, ки бар асари амалиёти низомии 24-уми июл ба таъхир афтода буд, ниҳоят таҷлил шуд.

Рӯзи 5-уми октябр ба муносибати ҳаштодсолагии шаҳри Хоруғ ва Рӯзи Сарқонун дар саҳнаи театри вилоятӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идона баргузор шуд.

Ҷашни Хоруғ ибтидо, қарор буд, ки моҳи август бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавои кушод ва хеле мутантан доир шавад. Ба муносибати ин ид таҳияи филме бо номи баланди "Хоруғ - нигини Бадахшон" ҳам оғоз шуда буд. Вале амалиёти низомии моҳи июли соли ҷорӣ алайҳи фармондеҳони саркаши маҳаллӣ, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд, ҷашни маркази маъмурии Бадахшонро ибтидо ба моҳи сентябр ва баъдан ба муддати боз ҳам мадидтар (дарозтар) ба таъхир андохт.

Акнун ин ҷашн дар саҳнаи танги театри вилоятӣ ва дар ҳузури шумори хеле маҳдуди тамошобинон доир шудааст. Ба гуфтаи фарҳангшинос Умед Мамадшерзодшоев дар саҳнаи театри Хоруғ ғунҷондани ин маросими муҳим, ки мебоист дар майдони марказии варзишӣ ва ё боғи фарҳангу фароғат баргузор мешуд, аз коста будани рӯҳияи ҷашнӣ шаҳодат медиҳад.

Роҳбари барномаи консертии ҷашнвора ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳингул Додихудоева изҳор дошт, ки таъхир дар таҷлили саҳна ба барномаи ҳунарӣ ҳам таъсир гузошт. Зеро тибқи нақшаи аввал мебоист, ҳунармандон дар ҳавои кушод баромад мекарданд ва порчаҳо аз таърихи шаҳрро дар шакли театрӣ манзури тамошобинон мегардонданд. "Вале дар ниҳоят маҷбур шуданд, барои тасвири таърихи шаҳр бештар аз воситаҳои электронӣ истифода баранд",-мегӯяд Додихудоева.

Бархе аз иштирокдорони маросим мегӯянд, ҳадафи мақомот аз баргузор намудани ҷашни Хоруғ ва Рӯзи Сарқонун "бо як тир задани ду нишонро" дошт, зеро мехостанд, дар сояи иди Қонуни асосӣ ҷашни Хоруғ бесарусадо гузарад. Аз се вазири қудратӣ, ки бештар аз ду моҳ боз меҳмони Хоруғ буданд, ҳеҷ кадомашон дар таҷлили 80-солагии шаҳр ширкат наварзиданд.

Бисёре аз сокинони Хоруғ аз оғоз шиква мекарданд, ки ҷашни 80-солагии Хоруғ нисбат ба айни ҷашнҳо дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон бетафовутӣ нишон медиҳад, вале ҳаводиси хунини моҳи июл ҷашни Хоруғро чунон ба ҳам рехт, ки аз он фақат ном боқӣ монд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG