Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Аврупо ва Осиё дар Лаос вомехӯранд


Имрӯз дар пойтахти Лаос мулоқоти дурӯзаи раҳбарони кишварҳои Аврупо ва Осиё ифтитоҳ ёфт. Дар ин нишаст, ки бори нуҳум доир мегардад, тиҷорат миёни ду қора дар даврони мушкилиҳои иқтисодӣ баҳс мешавад. Ҳамчунон дар мулоқоти Виентиян вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, бӯҳрони қарз дар Аврупо ва сустшавии сураъти рушди иқтисоди Чину Ҳиндустон мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Мулоқоти раҳбарони кишварҳои Аврупо ва Осиё ё худ ASEM (Asia-Europe Meeting) дар соли 1996 таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG