Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон парвозҳои мустақим бо Лоҳурро баррасӣ мекунад


Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон зимни суханони худ дар мулоқоти Утоқи Тиҷорат ва Саноати Лоҳур гуфт, Душанбе бо ин шаҳр масъалаи парвозҳои мустақимро баррасӣ мекунанд, то тоҷирону соҳибкорони ду ҷониб мустақиман рафту омад кунанд.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, баъзе мушкилиҳое, ки тоҷирони Покистон дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд, баррасӣ ва ба зудӣ бартараф хоҳанд шуд.

Дар эъломияи сафорат, ки рӯзи шанбе ба нашр расид, гуфта мешавад, ки дар солҳои 2009-2011 ба сабаби мушкилиҳо ва хатари ҳамлу нақли коло аз роҳҳои заминӣ содироти колоҳои Покистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG