Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бозори Қара Суйи Қирғизистон 4 нафар ба ҳалокат расид


Рӯзи шанбе боми бетонии яке аз бозорҳои вилояти Ӯш фурӯ рехт ва 4 нафар ба ҳалокат расиданд. 5 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Фурӯрезии бом дар қисмати ҳоҷатхонаи бозори Қара Суй шуруъ шудааст. Ин бузургтарин бозор дар ҷануби Қирғизистон ба шумор меравад.

Бино ба гузоришҳо, ҳамаи афроди кушташуда шаҳрвандони Қирғизистон будаанд. Ба ин бозор маъмулан тоҷирон аз кишварҳои ҳамсояи Узбакистон ва Чин ҳам зиёд меоянд.
XS
SM
MD
LG